Суғд: гранти вилоятӣ барои 30 нафар занони ҳунарманд

Август 7, 2015 11:33

Суғд,07.08.2015 (АМИТ “Ховар”,  Абдуаҳад Шарифзода).-Субҳи имрӯз, 7 август дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд ба 30 нафар бонувоне, ки  дар озмун барои гирифтани гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар соли 2015 ғолиб гардидаанд, грантҳо дар доираи аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 200 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Дар маросими тақдими грантҳо занҳои ҳунарманд аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят иштирок доштанд.
Бояд гуфт, ки соли равон барои дарёфти гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 50 нафар занон лоиҳаҳои худро ба ҳайати комиссия пешниҳод намуданд, ки аз онҳо танҳо  30 лоиҳа дастгирӣ ёфт.
Тавре  масъулин аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баён доштанд, ҳадафи ҳамаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда эҳёи ҳунарҳои миллӣ аз қабили қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, атласу адрасбофӣ ва таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ мебошад. 
Танҳо як лоиҳа барои коркарди меваҳ ва як лоиҳаи дигар барои ташкили гармхонаи гулпарварӣ буд. Амалишавии тамоми лоиҳаҳои дастгирӣ шуда, имкон медиҳад, ки беш аз 350 нафар бо ҷои кор таъмин гарданд.

 

Август 7, 2015 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд