Суғд: Озмуни «Ворисони Ҳамадонӣ»
Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар озмуни вилоятии суханварони ҷавон, ки таҳти унвони «Ворисони Ҳамадонӣ» дар толори китобхонаи ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, толибилми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Исфара Ҳадиятулло Мамадов дар байни 27 сабқаткунанда ба дарёфти мақоми аввал шарафёб гардид.
Ба иттилои манбаъ, созмондеҳи озмуни мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳадаф аз баргузорсозии он баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон ба воситаи қироати шеъру ғазал, дарёфти истеъдодҳои нав аз ҳисоби ҷавононе, ки маҳорати хуби суханварӣ доранд ва бар ин васила омӯзишу таблиғи осори пурғановати адибони тоҷику форс, бедорсозии ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар ниҳоди насли ҷавон мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар раванди озмун ҷавонони синну соли гуногун аз 14 шаҳру навоҳии вилоят, инчунин донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳунарнамоӣ доштанд.
Ҳадиятулло Мамадов суханварони ҷавони вилояти Суғдро дар озмуни ҷумҳуриявии “Ворисони Ҳамадонӣ”, ки моҳи октябри соли равон, дар толори КВД “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон Ориёно”- шаҳри Душанбе баргузор мегардад, намояндагӣ ва муаррифӣ хоҳад кард.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






