Суғд: Тақдими дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ ба намояндагони 15 ҷамоат
Суғд, 08.08.2015 (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Дирӯз, 7 август дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба намояндагони 15 ҷамоати шаҳраку деҳоти вилоят 50 адад дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ тақдим карда шуд.
Чуноне ки таъкид гардид, тавасвути ин дастгоҳҳо илова бар атласу адрас ҳамзамон навъҳои дигари матоъ, аз қабили чит, шоҳӣ, беқасаб, карбос, алоча, ҳамчунин матоъҳои пахтагини аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол кардан мумкин аст. Мақсад аз рушд додани ҳунари бофандагӣ байни занони деҳот пеш аз ҳама соҳибҳунар намудану бо ҷои кор ва маоши доимӣ таъмин кардани занон аст.
Ёдрас мекунем, ки дар давоми соли 2015 дар миқёси вилоят 150 маркази таълимӣю истеҳсолии адрасу атласбофӣ таъсис дода шуда, дар онҳо 3000 дастгоҳ насб гардида, 9000 нафар кормандону шогирдон ба касбомӯзӣ ва шуғл фаро гирифта мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






