Тағйир ёфтани қурби рубли русӣ қурби бозории долларро паст кард
Душанбе, 29.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Дар охири ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар ҳудуди то 6,5600-6,5800 сомонӣ муқаррар карда шуда бошад ҳам, қурби он дар бозор бинобар давом ёфтани пастравии қурби нақдии рубли русӣ, тамоили болоравиро нигоҳ дошта, ба ҳисоби миёна 6,8160-6,8340 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуда буд.
Бо тағйир ёфтани қурби рубли русӣ қурби бозории долл. ИМА низ паст шуда, имрӯз 6,7300-6,7500 сомонӣ 1 долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бонки миллӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳоло қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ тағйир ёфта, 0,1021-0,1031 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва қурби евро бошад, 7,4880-7,5200 сомонӣ ба як евро баробар шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






