Табрикоти Кумитаи олимпӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон
Душанбе, 10.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 10 август дар кишвар Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад.
Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат мардуми кишвар ва варзишгаронро табрик намуд.
Дар табрикот аз ҷумла омадааст: «Рӯзи варзишгарон – ин иди мардумист, ки ҳама дӯстдорони варзишро, новобаста аз синну сол ва касбият муттаҳид месозад, ин иди варзишгарони касбӣ ва мураббиён, ҳамаи кормандони соҳа, муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, инчунин собиқадорону ҳаводорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад».
Бояд гуфт, ки роҳхати гурзандоз Дилшод Назаров ба Бозиҳои XXI тобистонаи олимпӣ дар соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бузургтарин дастовези варзишгарони тоҷик ба иди касбиашон аст.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши беҳтарин варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзиш бахшида ба иди касбиашон баргузор мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






