Такмили ҳокимияти судӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 26.08.2015. (АМИТ «Ховар»). – Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба 24-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию-амалӣ таҳти унвони «Нақши истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили ҳокимияти судӣ» ба кори худ шурӯъ кард. Конференсияи мазкур бо ташаббуси Шӯрои адлияи мамлакат баргузор шуда, дар кори он раисони Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ, Суди олии иқтисодӣ, судҳои ҷумҳурӣ, намояндагони Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи илмҳо ва ташкилоти байналмилалии муқими Душанбе иштирок доранд.
Тавре зикр гардид, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти мамлакат баҳри рушд ва такмил додани ҳокимияти судӣ барномаҳои алоҳидаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, дар амал татбиқ шудаанд.
«Тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад», — таъкид карда шуд дар конференсия.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






