Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президент-муждаи умедбахш
Душанбе 06.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Чанде пеш Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки бо Фармони Президенти кишвар аз 18 июли соли равон тасдиқ гардидааст.
Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 43 нафар, аз ҷумла раис, муовини ӯ, котиби масъул ва аъзои Шӯро иборат аст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, раиси Шӯро бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Шӯро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули Шӯро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳайати Шӯро аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории алоқаманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон иборат мебошад.
Мақсад аз ташкили Шӯро таҳлили вазъият дар байни ҷавонон, анҷом додани таҳлилҳои соҳавӣ ва пешниҳоди таклифҳо дар самти такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва бартараф кардани мушкилоти ҷавонон дар кишвар мебошад.
Сиёсати давлатии ҷавонон қисмате аз рукнҳо дар ҷомеаи шаҳрвандии мо маҳсуб мегардад, ки нақшу мақоми ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.
Таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ, стипендияи Президентӣ, Квотаи Президентӣ, стипендияи байналмилалии Дурахшандагон, Грантҳои ҳукуматӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷоиза барои варзишгарон, инчунин баргузории конфронсу форумҳо, анҷуману фестивалҳо, семинарҳои омӯзишиву мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ, ҳарбиву варзишӣ иқдомҳои наҷиб ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Роҳбари муаззами мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






