Татбиқи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт
Душанбе, 21.08.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар айни замон, дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 лоиҳаи сармоягузории дорои аҳамияти минтақавӣ ва стратегӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 626 миллион доллари ИМА амалӣ гардида истодааст.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли ҷорӣ иҷрои як қатор лоиҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии муҳим барои сохтмон ва барқарорсозии иншооти нақлиётӣ оғоз гардид. Дар байни онҳо — барқарор намудани роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода (аз муҷассамаи Сино то ба дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе) ва барқарорсозии роҳи мошингарди Хуҷанд- Исфара дар марҳилаи иҷроиш аст.
Илова бар ин, корҳои омодагӣ ва тарҳрезию тадқиқотӣ барои татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаи Хумб-Ванҷ (то сарҳадҳои ноҳияи Рӯшон) идома дорад .
«Азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент ва Шоҳон-Зиғар дар охири сол ба анҷом расонида мешавад», — афзуд манбаъ.
Ғайр аз ин, корҳои барқарорсозӣ дар роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ фаъолона ҷараён дорад, ки аллакай 70% -и онҳо дар ҳаҷми 33,7 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.
Мавриди зикр аст, ки дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар айни ҳол зиёда аз 1,3 ҳазор мутахассисон иштирок доранд, ки аз он 76,3%-ро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






