Террор, терроризм ва ҷавонони фиребхӯрда
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Сарбанд ва ноҳияи Хуросон дар доираи чорабинии нақшавии Кумита дар мавзӯи «Террор, терроризм ва ҷавонони фиребхӯрда» мулоқот анҷом доданд.
Тавре дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, вохӯрӣ бо суханони пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст», ифтитоҳ гардида, зикр карда шуд, ки ҷомеаи башарӣ дар асри ХХ1 бо террору терроризм ва ифротгароӣ рӯ ба рӯ аст.
Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони дигар кишварҳо ва, махсусан, ҷавонони тоҷик сафҳои худро пур карда, ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои зиёди пулию молӣ дода, онҳоро ба коми оташ меандозанд. Вале бо итминон метавон гуфт, ки рӯзе ин нерӯ ба шикаст мувоҷеҳ мешавад, зеро иқтидори он муваққатист.
Қайд карда шуд, ки дар байни ҷавонон роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ бояд дар меҳвари фаъолиятмон қарор гирад.
Дар фарҷом занону ҷавондухтарон, раисони ҷамоатҳо, имомхатибон суханронӣ намуда, аз сиёсати хирадмандона, ғамхориву таваҷҷӯҳи беандозаи Сарвари кишвар нисбати сокинони мамлакат, аз рушду нумӯи давлати ободу соҳибистиқлол, аз тинҷиву оромӣ, гулгулшукуфии мамлакат изҳори сипос намуданд.








Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид






