Толибон амалҳои гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати Исломӣ»-ро шадидан маҳкум намуданд
Душанбе, 12.08. 2015 (АМИТ «Ховар», Саидҷаъфар Ашӯрзод).- Роҳбарияти гурӯҳи «Толибон» баъд аз пахши навори навбатии гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ», ки дар он қатли асирон намоиш дода шудааст, вокуниш нишон дода, онро сахт маҳкум намудааст.
Тавре, ки хабаргузории Рейтер иттилоъ додааст, чанде қабл ифротгароёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» бо бераҳмии махсус як гурӯҳ асирони афғонро ба қатл расонида навори онро дар сомонаҳои интернетӣ ҷой дода буданд. Толибон изҳор доштаанд, ки «ин гуна ҷазо ва чунин амалҳои бераҳмонаи дигар аз номи дини муқаддаси ислом ва мусулмонон қобили қабул нест».
Гуфта мешавад, ин ду гурӯҳ нисбат ба якдигар ҷиҳод эълон намуда, чандин маротиба ба муқобили ҳам вориди майдонҳои набард шудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






