Туркманистон ва Тоҷикистон дар бисёр масоили минтақавию ҷаҳонӣ, бахусус ҳифзи амну субот мавқеи ҳамсон доранд
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ин нуқтаро зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Ашхобод қарор дорад, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов таъкид дошт.
Президенти Туркманистон аз ҷумла гуфт: “мо сафари расмии шуморо ба кишвари худ басо муҳим мешуморем, зеро Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр масоили минтақавию ҷаҳонӣ, ба хусус дар бахши ҳифзи амну субот ва сулҳу салоҳ мавқеи ҳамсон доранд”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҳамсону ягона доштани Тоҷикистону Туркманистонро доир ба аксари масоили байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳонӣ басо муҳим номида, таъкид дошт, ки чунин мавқеъгирӣ заминаи хубе аст барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






