Вакилон аз рухсатӣ бозмегарданд
Душанбе, 13.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон 17 август аз рухсатӣ бармегарданд.
Муҳаммадато Султонов- котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки аз 17 август вакилони палатаи поёнӣ фаъолияти худро дар Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ба роҳ монда, лоиҳаи қонунҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст, муҳокима менамоянд.
Тибқи дастури Маҷлиси намояндагон вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар аз 1 октябр бо оғози иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба таври расмӣ ба фаъолият шурӯъ менамоянд. Мавриди зикр аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон аз 1 июл то 15 августи соли равон дар рухсати буданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






