Вохӯрии гурӯҳи кории Кумитаи занон бо сокинони вилояти Хатлон
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод),- Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, гурӯҳҳои корие, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буданд, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷиҳати анҷом додани мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони ин минтақа сафар намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати гурӯҳи корие, ки дар ноҳияи Балҷувон вобаста буд, намояндагон аз Иттифоки журналистон, Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ, кор бо занон ва оила, Вазорати корҳои дохилӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил буданд. Гурӯҳи кории мазкур дар маркази ноҳия ва ҷамоати деҳоти «Балҷувон», дар деҳаҳои Чорбоғ, Каҷтут, Чиллатош, Навбаҳори ҷамоати «С. Амиршоев», Холдорчашма, Олучадараи ҷамоати деҳоти «Балҷувон» ва деҳаҳои Калтачанор ва Охбулоқи ҷамоати деҳоти «Тоҷикистон»-и ноҳия бо фаъолон ва сокинон мулоқот анҷом доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






