Вохӯрии табибон бо раиси ноҳия
Файзобод, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Имрӯз бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тиб дар кохи Рӯдакии ноҳияи Файзобод вохӯрии раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода бо табибон ва кормандони тандурустӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ раиси ноҳия кормандони соҳаи тибро бо иди касбияшон табрику таҳният намуда зикр дошт, ки Сарвари давлат барои беҳдошти саломатии мардум, таъмини зиндагии шоистаи онҳо пайваста чораҳои муассир меандешад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, ҳамасола маблағгузориҳо ба ин соҳа меафзояд. Муассисаҳои наву замонавии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Соли равон барои рушди соҳаи тандурустии ноҳияи Файзобод аз буҷаи маҳаллӣ 6 милиону 444 ҳазору 153 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2010 беш аз се баробар зиёд аст.
Ёдрас мешавем, ки дар ноҳия 49 муассисаи тандурустӣ ба мардум хизмат мерасонад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






