Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири ИМА
Душанбе, 03.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- 3 августи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба ва дигар масоили ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуда, масъалаҳои вобаста ба амният ва озодии эътиқоди диниро дар кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷӣ ба ҷониби Амрико барои кумакҳои ИМА, аз қабили дастгирӣ дар бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






