Як сокини ноҳияи Варзоб бо зану ду фарзандаш ба Сурия рафтааст
Душанбе, 7.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ҷангҳои давлати Сурия аз ноҳияи Варзоб чор нафар, ду нафар аз ҷамоати Чорбоғ иштирок дошта, як нафар бо ҳамроҳии зану ду фарзандаш рафтааст. Ин нукта зимни вохӯрии кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бо занону ҷавонон ва раисони ҷамоатҳои Лучоб ва Чорбоғ қайд гардид.
Бино ба гуфтаи масъулони Кумитаи кор бо занон ва оила, дар вохӯрӣ аз ҷумла масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна хизбу ҳаракатҳои радикалӣ, экстремистӣ, террористӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни занону духтарон ва наврасон, оид ба нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ баррасӣ шуд. Дар бобати ин масъалаҳо кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси ноҳия, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ва Раиси ҷамоати Лучоб андешаҳояшонро иброз намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






