Захираи тухмии ғалладона ва лубиё

Август 10, 2015 06:23

Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумоти Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон охири моҳи июли соли равон  мутахассисони вазорат дар якҷоягӣ бо мутахассисони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи назардошти захираи тухмии зироатҳои ғалладона,  лубиё ва хўроки чорво санҷишҳои ҳосили соли 2015-ро муайян намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси маълумоти ҷамъбастӣ ҳосили интизории майдони кишти тухмии зироатҳои ғалладона ва лубиё, инчунин хўроки чорво барои соли 2015 ҳамагӣ 60011,8 тоннаро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии тухмиҳои захирагардида, ғалладонагиҳо-59900,9 тонна, аз ҷумла гандум-50819,5 тонна, ҷав-8330,5 тонна, лўбиёгиҳо-710 тонна, ҷуворимакка-41 тонна ва юнучқа-110,9 тоннаро ташкил додааст.
Аз миқдори умумии зироатҳои барои тухмии санҷишҳои ҳосили интизорӣ (апробатсия) шуда, асосашро гандуми тухмӣ ташкил медиҳад, ки назардошти он дар соли 2015 дар вилояти Суғд-9156,2 тонна, вилояти Хатлон-31059,7 ва ноҳияҳои тобеи марказ-10603,6  ва дар ҷумҳурӣ 50819,5 тоннаро ташкил медиҳад.
Натиҷаи ҷамъбасти апробатсияи гузаронидаи мутахассисони соҳа дар вилояти Суғд нишон дод, ки захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ ҳамагӣ 13991,6 тонна буда,  муайян карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 601,4 тонна (104,5%) зиёд мебошад. Инчунин, дар вилояти Хатлон миқдори захираи тухмии ғалладона 33928,1 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12390 тоннаро ташкил медиҳад.

Август 10, 2015 06:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд