«24-солагии Истиқлолият»- Боғи нави фарҳангию фароғатӣ
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо дастгирии мақомоти иҷроияи шаҳри Қайроққум ва кумаки соҳибкорону корхонаҳо дар маркази шаҳр боғи нави замонавӣ ба таври ҳашар бунёд ёфт.
Боғи навбунёд дар масоҳати ҳафт ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, аз маҷмааи фаввораҳо, нишастгоҳу гузаргоҳҳои замонавӣ, шаршараву гулгашт ва саҳнаи барҳаво иборат мебошад. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ин рӯйдоди муҳими фарҳангиро барои сокинони шаҳр таҳният гуфта, пешниҳод намуд, ки боғи нав «24-солагии Истиқлолият» номгузорӣ шавад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ифтитоҳи макони бошукӯҳи фароғатӣ боиси хушнудиву нишоти ҷавонону наврасони ин шаҳри дӯстии халқҳо гардид. Сокинони соҳили «Баҳри тоҷик аз вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки ин ҳама пешрафту шукуфоӣ маҳз ба туфайли неъмати гаронбаҳо -Истиқлолият ва Ваҳдату ягонагӣ ба даст меояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






