5 нафар ба даври дуюми озмуни «Пиёдагарди намунавӣ» роҳ ёфтанд
Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарӣ, таблиғи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бехатар идора кардани воситаи нақлиёт, пешгирии садамаҳо дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани маданият ва маърифати ронандагону пиёдагардон ва муайян кардани «Пиёдагарди намунавӣ» ва «Ронандаи намунавӣ» озмун баргузор намуд. Марҳалаи аввали озмун дирӯз оғоз гардида, натиҷаи озмун рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ эълон мегардад.
Тавре аз ВКД ҶТ иттилоъ дода шуд, чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, аъзоёни дастаи Нозирони наврас — хонандагони мактаби рақами 42 дар ҷойҳои сераҳолӣ ва роҳҳои мошингарди шиддатнокии баланд гузаронида шуд.
5 нафар ҳамчун пиёдагарди намунавӣ барои иштирок кардан дар даври дуюми озмун, ки 7 сентябри соли равон дар пойгоҳи автомобилии маҳаллаи «Обшорон»-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор мегардад, интихоб шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






