“Ҳаҷ-2015”: Дар ҳодисаҳои Маккаи мукаррама ҳоҷиёни Тоҷикистон осебе надидаанд
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – “Ҳаҷ-2015”: “Дар ҳодисаҳои Маккаи мукаррама ҳоҷиёни Тоҷикистон осебе надидаанд” Ситоди ҷумҳуриявии “Ҳаҷ-2015” хабар медиҳад, ки хушбахтона дар натиҷаи фалокати ахире, ки дар Маккаи мукаррама ба вуқӯъ пайваст, ягон нафар аз ҳоҷиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон осеб надидаанд ва онҳо мунтазам маносики ҳаҷро адо намуда истодаанд. Сардори ситоди “Ҳаҷ-2015” – муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода мегӯяд, ҳоло ҳама зоирони Тоҷикистон, ки аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба самти Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, ҳамагӣ дар Маккаи мукаррама қарор доранд ва парвозҳои боқимонда низ аз Душанбе ба самти Ҷиддаи Арабистони Саудӣ роҳандозӣ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






