Академик М.Ёқубова: «Нооромӣ ва бесарусомонӣ на танҳо ба сиёсату иқтисоду иҷтимоиёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, балки рушди илмро боздошта, сатҳи фарҳангу маданиятнокиро паст мебарад»
Душанбе, 21.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, академик Муҳиба Ҳусейновна Ёқубова дар қатори дигар олимону зиёиёни мамлакат ҷиноятҳои содиркардаи хоинонро таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода, ки боиси марги одамон гардид, сахт маҳкум мекунад. Муҳиба Ёқубова чунин мешуморад, ки оромӣ ва осудагӣ дар ҷомеа аз шартҳо ва омилҳои асосӣ барои рушди илму фарҳанг мебошад, зеро нооромӣ ва бесарусомонӣ на танҳо ба сиёсату иқтисоду иҷтимоиёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ҳамчунин рушди илмро боздошта, сатҳи фарҳангу маданиятнокиро паст мебарад. «Олимони шуъбаи биология ва тибби Академияи илмҳо дар баробари он, ки ҷиноятҳои содиршударо маҳкум мекунанд, ҳамчунин пешниҳод доранд, ки ҳамин масъала, яъне омилҳо ва заминаҳои сар задани чунин ҷинояти вазнин дар миёни донишҷӯёну аспирантҳо ба таври васеъ фаҳмонида шавад. Сиёсати интихобкардаи Сарвари давлат, ки моҳияти аслии он сулҳу ваҳдатофарӣ мебошад, дар ҳама маҳфилҳо тарғибу ташвиқ шуда, амалан ҳар як сокини бофарҳанг бояд онро дастгирӣ кунад ва бо ҳамин пеши роҳи такрор шудани воқеаҳои нангине, ки хоинон содир карданд, гирифта шавад» — гуфт М. Ёқубова ва илова кард, ки : «Он рӯзҳои сиёҳу бадеро, ки солҳои 90-ум ба сари миллати тоҷик омада буданд, мо то ҳоло фаромӯш накардаем. Кас тааҷҷуб аз он мекунад, ки шахсе даст ба ҷиноят зад, ки ягон мушкилии молиявӣ ва ё иқтисодӣ надошт».
«Ба ин шахс чӣ намерасид? Вазифа, рутба, пулу молу сарвату давлат дошт. Пас ӯ чӣ мехост? Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам душманони миллати тоҷик то ҳоло дар бағал санг гирифта, дар камин нишастаанд. Онҳо ободиву шукуфоии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд ва барои расидан ба ғаразҳои сиёҳи худ аз ягон амал, ҳатто аз гирифтани силоҳ ба муқобили Ватану халқи худ шарм намедоранд. Албатта, роҳбарон, иҷрокунандагон, маслиҳатгарони ин амали ҷинояткорона бояд ҷазо дода шаванд. Илова ба ин давлатдорону сиёсатдоронро мебояд ин ҳодисаи нангини рухдодаро ҳаматарафа омӯзанд ва ба он баҳои ҳақиқӣ диҳанд».
-Мо, олимону донишмандон, зиёиён, донишҷӯён, аспирантон ва ҳар як корманди соҳаи илмро мебояд сулҳу оромиву осоиштагии Ватанро мисли гавҳараки чашм ҳимоят кунем ва бо ҳамин дар рушди илму фарҳангу маданияти миллатамон саҳми муносиб гузорем, — таъкид кард академик М.Ёқубова.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






