Академияи ВКД озмун эълон кард

Сентябрь 21, 2015 04:42

Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Академияи ВКД ҶТ барои соли хониши 2015 қабули ҳуҷҷатҳоро ба адъюнктура аз рӯи ихтисосҳои  назарияи таърихи ҳуқуқ ва давлат, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат; ҳуқуқи конститутсионӣ, мурофиаи судии конститутсионӣ,  ҳуқуқи мунитсипалӣ, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ; ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;  мурофиаи ҷиноятӣ;  фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳуқуқи муҳофизавӣ ва ҳуқуқҳифзнамоӣ; криминалистика, фаъолияти судӣ-экспертӣ, фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ  эълон кардааст.
Ба таҳсили рӯзона дар адъюнктура дар асоси озмун шахсони синнашон то 35 ва ба таҳсили ғоибона шахсони синнашон то 45, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва собиқаи кории на камтар аз 2 сола мебошанд, қабул мешаванд. Мутахассисони ҷавон дар озмун бо тавсияи Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олӣ роҳ дода мешаванд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 5-уми октябри соли 2015 буда, маълумоти иловагиро метавон аз Академияи ВКД ҶТ дастрас намуд.

 

 

Сентябрь 21, 2015 04:42

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд