Ҷаласаи Шӯрои ВКХ, ВМ ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД дар Душанбе

Сентябрь 15, 2015 04:08

    Душанбе, 15.09.20015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз  дар  пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ҷаласаи  муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯрои амнияти давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид. Зимни баргузории  ҷаласа рӯзномаи  имрӯзаи ҷаласаи Шӯрои муштараки амнияти СААД баррасӣ гардида, тасдиқ шуд. Инчунин дар фарҷоми ҷаласа имзои як зумра созишномаҳо сурат гирифт. Дар назар аст пас аз анҷоми имзои созишномаҳо аъзои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯрои амнияти СААД ба «Қасри миллат» омада, дар ҷаласаи Шӯрои муштараки амнияти СААД, ки бо иштироки сарони давлатҳои кишварҳои аъзои СААД сурат мегирад, ширкат кунанд. Интизор меравад, ки   баъди анҷоми Сессияи Шӯрои муштараки амнияти СААД изҳороти расмии роҳбарони  кишварҳои аъзои СААД дар назди намояндагони ВАО сурат гирад.
     Ёдовар мешавем, ки аъзои кунунии  СААД-ро Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва  Федератсияи Русия  ташкил медиҳанд. Имсол  раисии СААД-ро Тоҷикистон ба уҳда дорад. Ҳадаф ва вазифаи асосии СААД таҳкими сулҳу субот, амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ,ҳифзи  дастаҷамъии истиқлол, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлатҳои аъзо, ки бо роҳи сиёсӣ ҷиҳати ноил  шудан ба онро афзал медонанд, маҳсуб мешавад.
 

Сентябрь 15, 2015 04:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад