Ҳалномаи Суди Олиро дар хусуси манъ шудани фаъолияти ҲНИТ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Сентябрь 30, 2015 08:32

Душанбе, 30.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) — террористӣ эътироф гардида, фаъолияти он қатъ карда шуд. Ҳамчунин бо ҳалномаи Суди Олӣ нашри рӯзномаи «Наҷот», фаъолияти сомонаи интернетии ҲНИТ, ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ  карда шуд. Вобаста ба ин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар»  ба чанд коршинос бо чунин савол муроҷиат кард:

-Шумо ҳалномаи Суди Олиро дар хусуси манъ шудани фаъолияти ҲНИТ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Фирдавс Ниёзӣ, корманди АИ ҶТ — «Ман фикр мекунам, ки дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ мекунем, мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар пайи таъмин намудани амнияти ҷомеа ва шаҳрвандон қарор доранд. Ҳодисаҳои хунини чанд соли охир, ки дар кишварҳои Ховари Миёна сар заданд,  нишон доданд, ки сарчашмаи асосии ин нооромиҳо ва хунрезиҳо сиёсикунонии ислом мебошад. Аз таърих медонем, ки аксари кишварҳои шарқӣ дар тӯли садсолаҳои охир зери тасаллути сиёсати динӣ буданд ва ҳамин омил буд, ки илм дар Шарқ мисле ки дар Ғарб аст, тараққӣ накард.  Файласуф ва ходими ҷамъиятии англис Бертран Уилям Рассел дар китоби худ «Хиради Ғарб»  се омили рушди ҷомеаи Аврупоро чунин нишон додааст:
1.Бо забонҳои маҳаллӣ эҷод шудани асарҳои илмӣ.
2.Нашр ва паҳн кардани китобҳо.
3. Аз давлат ҷудо кардани дин.
Омили муҳими рушду тараққиёти Аврупо аз давлат ҷудо будани дин мебошад, зеро сиёсати давлатро илм пеш мебарад. Вақте илм дар зери султаи дин ва мазҳаб қарор мегирад,  тараққиёту рушди ҷомеаро интизор будан хеле мушкил аст. Ҳалномаи қабулшудаи Суди Олӣ бе далел нест. Дар ҷомеаи демократию дунявӣ сиёсӣ кардани ислом боиси кунд шудани пешравии илму ҷомеа ва техника мегардад».

Ёрмаҳмад  Ниёзов, номзади илмҳои фалсафа — «Қабул шудани ҳалномаи Суди Олӣ дар хусуси манъ кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ тасмими дуруст ва саривақтӣ аст. Пайомади мавҷудияти ҳизбҳои диниро дар шароити муосир, махсусан дар қаламрави Осиёи Марказӣ хеле хатаровар медонам. Дар оянда ҳам ҳар ҳизби диние, ки тамоюли сиёсӣ касб мекунад, хатарофар боқӣ мемонад, зеро мо таҷрибаи талхи кишварҳои Ховари Миёнаро мустақиман мушоҳида мекунем, ки аз ибтидои солҳои 20-уми асри гузашта, ки «Ихвон-ул-муслимин» ташкил карда шуд, яъне аз даврае,  ки ҳизбҳои сиёсӣ характери динӣ касб кардаанд, то ба имрӯз низову муноқишаҳои мусаллаҳона бо ба вуҷуд овардани зиддиятҳои иҷтимоӣ давом доранд. Албатта, муноқишаҳои мазҳабӣ бо як мақсад таҳия мешаванд: роҳандозӣ кардани тақсимоти нави ҷаҳон. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд заминае барои барангехтани зиддиятҳои иҷтимоӣ бо бозӣ кардан ба эҳсоси динии сокинон арзи вуҷуд дошта бошад».

Абдуламин  Маҷнунов, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир — «Ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба хотири таъмини бандҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қонунгузорӣ иҷозат дод, ки дубора фаъолият кунад ва дар пешрафти ҷомеа ва таъмини манфиатҳои миллату давлати Тоҷикистон саҳм гузорад. Аммо гузашти вақт нишон дод, ки мавҷудияти ин ҳизби характери динӣ дошта барои фарҳанги ҷомеаи мо созгор нест, илова ба ин коршиносон исбот карданд, ки заминаи ҳуқуқии фаъолият доштани ҲНИТ пурра аз байн рафтааст. Тавре ки аз гузоришҳои радиоӣ ва телевизионӣ бармеояд, аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ дар воқеаҳои ошӯбангези ибтидои моҳи сентябр бевосита иштирок намуда, ҳамроҳ бо хоинон ҷиноят содир кардаанд, ба муқобили халқу давлати худ бархостаанд, яъне қарори баста шудани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ-террористӣ беасос ва безамина нест».

Сентябрь 30, 2015 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад