Ҳалокати 107 зоир бар асари ҳодисаи нохуш дар Макка
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бар асари сарозер шудани крани сохтмонӣ дар дохили Масҷид-ал-Ҳаром дар Макка 107 зоир ҳалок ва 238 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора мақомоти Арабистони Саудӣ хабар медиҳанд.
Сухангӯи расмии Масҷид-ул -Ҳаром ва Масҷиди Мадинаи Мунаввара Аҳмад ибни Муҳаммад Ал-Мансурӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки пас аз зуҳри рӯзи ҷумъа дар натиҷаи вазидани боди сахт ва боридани борони шадид як крани сохтмонӣ дар Масҷид-ал-Ҳаром сарозер шуд.
То ҳол ҳувияти ҳалокшудагон эълон нашудааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҳоло ҳазорон нафар мусулмонон аз тамоми сайёра барои анҷом додани ҳаҷ дар арафаи Иди Қурбон дар Арабистони Саудӣ қарор доранд. Барои анҷоми ин маросим соли равон аз Тоҷикистон шаш ҳазор ба Макка мераванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






