Ҳалокати 717 зоир бар асари фурӯ рехтани издиҳоми зоирон
Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — 24 сентябр дар натиҷаи болои ҳам фурӯ рехтани издиҳоми зоирон дар ҷараёни маросими Ҳаҷ дар Мино 717 нафар ҳалок ва қариб 720 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора раёсати дифои шаҳрвандии Арабистони Саудӣ дар гузорише иттилоъ додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, амалиёти наҷотдиҳӣ дар маҳалли ҳодиса бо ҷалби 400 мошини «Ёрии таъҷилӣ» ва 4000 масъули раёсати дифои шаҳрвандии Арабистони Саудӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки имсол зиёда аз 2 миллион зоир аз саросари олам баҳри адои фарзи Ҳаҷ ба Каъба рафтаанд.
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар фоҷиаи дар Маккаи мукаррама бавуқӯъпайваста ҳоҷиёни Тоҷикистон осеб надидаанд.
Соли равон беш аз 6300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри адои фарзи Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






