Ҳамкорӣ барои сулҳ шараф аст!

Сентябрь 21, 2015 04:17

Душанбе, 21.09.2015.(АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Ҳамасола 21 сентябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии сулҳ дар тамоми сайёра ҷашн гирифта мешавад. Таъсисдиҳандаи он Ассамблеяи генералӣ мебошад, ки ҳар сол дар сеюмин сешанбеи моҳи сентябр ҷашн гирифта мешуд. Аз соли 2001 инҷониб бо қарори СММ ин ид рӯзи 21 -уми сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид  Пан Ги Мун аз ҳамаи аъзои даргириҳои рӯйи олам талаб кардааст дар рӯзи 21 -уми сентябр, ки Рӯзи байналмилалии сулҳ аст, амалиёти ҷангиро хотима бахшанд.
Роҳбари ин созмони ҷаҳонӣ  аз ҳамаи аъзои СММ даъват ба амал овардааст, то аз иқдоми ӯ дастгирӣ намоянд ва барои ором нигоҳ доштани вазъи дунё дар 24 соати 21-уми сентябр кӯшиш намоянд.
«Биёед Рӯзи байналмилалии сулҳро ба рӯзи орӣ аз зӯроварӣ ва рӯзи омурзиш табдил диҳем. Агар дар тӯли як рӯз мо тавонем, ки бидуни таҷовуз ва зӯроварӣ умр ба сар барем, он гоҳ метавонем тасаввур намоем, ки чӣ корҳоеро ба самон расонида метавонем. Ҳамкорӣ барои сулҳ — барои ҳама шараф аст», — гуфтааст  Пан Ги Мун.
Ба иттилои дафтари матбуотии СММ дар назар аст Пан Ги Мун, раиси ин созмон дар рӯзи 21 -уми сентябр бо раиси ҷаласаи 70 -уми Ассамблеяи генералӣ Могенс Люкетофт ва пайғомбарони сулҳ Майкл Дуглес ва Ҷейн Гудол дар маъракаи зарбазанӣ ба «Занги сулҳ», ки дар майдони пеши котиботи СММ қарор дорад, иштирок намоянд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз дар тамоми ҷаҳон шиорҳои «Нест бод ҷанг» ва «Пойдор бимонад сулҳ» овехта мешаванд. 

 

 

Сентябрь 21, 2015 04:17

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд