Ҳамлаи мусаллаҳона ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат
Душанбе, 04.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли 2015 тахминан соат 4-у 28 дақиқа гурӯҳи ҷинояткорон таҳти роҳбарии Абдуллоев Зиёвиддин ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми ногаҳонии яроқнок карданд, ки аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зада гардонида шуд. Дар натиҷа, Абдуллоев Зиёвиддин ва як ҳаммаслакаш нобуд карда шуда, се нафари дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд.
Ҳодисаи мазкур ба Умар Бобоҷонов ягон дахолат надорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди масъули Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Маҳбуба иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






