Ҳамлаи мусаллаҳона ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат мавриди таҳқиқ қарор дорад

Сентябрь 4, 2015 07:02

Душанбе, 04.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Тавре иттилоъ дода будем шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли 2015 тахминан соати 4-у 28 дақиқа гурӯҳи ҷинояткорон таҳти роҳбарии Абдуллоев Зиёвиддин ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳамлаи мусаллаҳона содир карданд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳамлаи гурӯҳи ҷиноятӣ оташи ҷавобӣ кушоданд, ки дар натиҷа сардори гурӯҳ Абдуллоев Зиёвиддин ва як ҳамроҳи ӯ безарар гардонида шуда, се нафари дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд.
Вобаста ба ин ВКД хабари расмӣ дод ва таъкид кард, ки ходисаи мазкур ба Умар Бобоҷонов ягон робита надорад.  
Ёдрас мешавем, ки Умар Бобоҷонов сокини шаҳри Ваҳдат буда, субҳи 29-уми августи соли равон бинобар гирифтани осеб дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бистарӣ шудааст. Наздикони Умар Бобоҷонов иддао доранд, ки фарзанди онҳо барои гӯё риш доштанаш аз сӯи кормандони милитсия ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурда шуда мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Аммо ҷониби дигар мегӯяд, ки масъала дар риш нест, балки ин нафар  ҳангоми мастӣ боздошт шудааст ва дар ҳамин ҳолат ба пояш истода натавониста, ба замин афтодааст.
Дар ҳамин ҳол масъули Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Маҳбуба ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки вобаста ба ҳар ду ҳодисаи рӯйдода аз тарафи Прокуратураи генералӣ тафтишот рафта истодааст ва барои халал нарасонидан ба ин ҷараён аз додани ахбори бештар ҳоло худдорӣ мекунанд.  

 

Сентябрь 4, 2015 07:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд