Ҳамлаи мусаллаҳона ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат мавриди таҳқиқ қарор дорад
Душанбе, 04.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Тавре иттилоъ дода будем шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли 2015 тахминан соати 4-у 28 дақиқа гурӯҳи ҷинояткорон таҳти роҳбарии Абдуллоев Зиёвиддин ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳамлаи мусаллаҳона содир карданд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳамлаи гурӯҳи ҷиноятӣ оташи ҷавобӣ кушоданд, ки дар натиҷа сардори гурӯҳ Абдуллоев Зиёвиддин ва як ҳамроҳи ӯ безарар гардонида шуда, се нафари дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд.
Вобаста ба ин ВКД хабари расмӣ дод ва таъкид кард, ки ходисаи мазкур ба Умар Бобоҷонов ягон робита надорад.
Ёдрас мешавем, ки Умар Бобоҷонов сокини шаҳри Ваҳдат буда, субҳи 29-уми августи соли равон бинобар гирифтани осеб дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бистарӣ шудааст. Наздикони Умар Бобоҷонов иддао доранд, ки фарзанди онҳо барои гӯё риш доштанаш аз сӯи кормандони милитсия ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурда шуда мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Аммо ҷониби дигар мегӯяд, ки масъала дар риш нест, балки ин нафар ҳангоми мастӣ боздошт шудааст ва дар ҳамин ҳолат ба пояш истода натавониста, ба замин афтодааст.
Дар ҳамин ҳол масъули Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Маҳбуба ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки вобаста ба ҳар ду ҳодисаи рӯйдода аз тарафи Прокуратураи генералӣ тафтишот рафта истодааст ва барои халал нарасонидан ба ин ҷараён аз додани ахбори бештар ҳоло худдорӣ мекунанд.








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






