Ҳамоиши соҳибкорони ҷумҳурӣ дар Хоруғ
Хоруғ, 15.09.20015. (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).- Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки соҳибкорони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ барои рушду тавсеа ва ҳамкории зич миёни соҳибкорони ҷумҳурӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Тавре ки дар нишаст зикр шуд, дар шароити муосир бидуни кумаку дастгирии тарафайн расидан ба ҳадафи ниҳоӣ хеле мушкил аст. Дар вилояти Бадахшон имкони бунёди корхонаҳои сангкоркунию истеҳсоли семент, коркарди пӯсту пашм, меваю сабзавот зиёд аст, аммо соҳибкорони маҳалӣ дар танҳоӣ қудрати бунёди чунин корхонаҳоро надоранд. Яке аз беҳтарин роҳҳои амалӣ намудани нақша-бизнесҳо ба хотири бунёди корхонаҳои истеҳсолии муштарак барқарор кардани робита бо ҳамкасбони худ аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамоиш ду рӯз идома ёфта, дар назар аст дар поёни он байни соҳибкорон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд.
Гуфта мешавад ҳадафи ҳамоиш шинос намудани соҳибкорон ва роҳандозии робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар миёни онҳо мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






