Ҷамъомади бошукӯҳ дар Гвардияи миллӣ бо иштироки Сарвари давлат
Душанбе, 25.09.2015, (АМИТ «Ховар). — Субҳи имрӯз дар ҳудуди Гвардияи миллии Тоҷикистон бо иштироки Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади бошукӯҳ оғоз гардид. Дар ҷараёни чорабинии мазкур ба беш аз 120 нафар хизматчии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти қудратии мамлакат, ки дар амалиёти ҳарбӣ ба муқобили дастаи террористии ҳоҷӣ Ҳалим шуҷоату қаҳрамонӣ нишон доданд, мукофотҳои давлатӣ ва ба шаҳрвандоне, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон доданд, кумакҳои пуливу молӣ тақдим мешавад.
Гузориши муфассал аз ҷараёни ин чорабинӣ баробари омода шудан нашр мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






