Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи солгарди Истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 08.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бахшида 24-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода зимни сухани табрикиаш зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд, ки роҳи минбаъдаи рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро муайян мекунанд.
Дар охир ба як қатор кормандони соҳабарои фаъолияти босамарашон ифтихорномаҳои ҷашнӣ супурда шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






