Ҷангиёни Давлати исломӣ дар шаҳри Эс-Сувейдаи Сурия ду ҳамлаи террористӣ анҷом доданд
Душанбе, 05.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Ифротгароёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар шаҳри Эс-Сувейдаи Сурия ду ҳамлаи террористӣ анҷом доданд.
Тавре ки телевизиони Сурия иттилоъ дод, ду мошини бомбагузошташуда дар наздикии беморхонаи «Ал-Ватанӣ», ки онҷо хизматчиёни ҳарбӣ табобат мегиранд, мунфаҷир шуд. Дар натиҷа, ҳашт нафар ҳалок гардида, 22 тани дигар захм бардоштанд.
Миёни фавтидагон пешвои динии маҳаллӣ — шайх Воҳид Ал-Балус низ буд.
Қабл аз ин, аз миномётҳо дар шарқи пойтахт шаҳри Ҷермана тирпаронӣ сурат гирифт, ки 3 нафар кушта ва 12 нафар захмӣ гашт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






