Ғанизода Ҷамшед: «Истиқлолият -шараф ва номуси миллати озодандеш аст»
Душанбе, 09.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Рушди санъати тасвирӣ дар давраи истиқлолият” баргузор гардид. Ректори Донишкада Ғанизода Ҷамшед бо сухани табрикӣ баромад карда, қайд кард, ки:«Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром, рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад».
Мавриди зикр аст, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фарзанди даврони истиқлолият буда, давоми се соли фаъолият, аллакай даҳҳо рассомони ҷавони умедбахшро омода намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






