Ҷавонзани вилояти Сари Пул бо ҳукми толибон сангборон карда шуд
Душанбе, 23.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Силоҳбадастони «Толибон» дар ҳудуди вилояти Сари Пули Афғонистон ҷавонзан — сокини маҳаллиро сангборон карданд.
Ин ҳодиса дар ҳудуди шаҳраки Лағмон, ки ҳоло таҳти назорати мухолифини мусаллаҳ қарор дорад, рух дод. Ҳафтаи гузашта силоҳбадастон хонуми зикршударо ба ҷурми хиёнат ба шавҳар айбдор ва дастгир карда буданд.
Хушбахтона, дар маҳалли ҳодиса шахсони ғамхоре пайдо шуданд, ки ба ҷабрдида дасти ёрӣ дароз карда, ӯро ба беморхона бурданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






