Ба истифода додани 82 хонаи навбунёд дар шаҳраки Хайрободи ноҳияи Шуғнон аз ҷониби Ш. Зуҳуров
Шуғнон, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).- Имрӯз дар маросими тантанавӣ бо ширкати мақомоти баландпояи кишвар ва садҳо тан аз намояндагони идораву муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ, бинокорону сармоягузорон 82 хонаводаи осебдидаи деҳаи Барсем ба хонаҳои хуштарҳу замонавӣ ва дорои ҳама гуна асбобу ашёи рӯзгор кӯч бастанд.
Бо супориши Сарвари давлат раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳраки Хайробод омада, аз хонҳои нав дидан намуд ва бо соҳибонаш суҳбат карда, ба сифати кори бинокорон баҳои баланд дод.
Бо буридани лентаи рамзӣ Шукурҷон Зуҳуров ба фаъолияти бунгоҳи тиббӣ ва маркази савдо низ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Зимни баргузории мулоқот бо фаъолони ноҳия раиси МН МО ҶТ изҳор дошт, ки тантанаи имрӯза бори дигар ҳамбастагию ҳамдилӣ ва некдилию некиродагии мардуми тоҷикро собит сохт. Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини офат ба роҳбарони вазорату кумитаҳо супориш дод, ки то фаро расидани фасли сармо ҳамаи осебдидагон бояд бо хона ва тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин шаванд,-афзуд Ш. Зуҳуров.
Ҳамин тавр тамоми оилаҳои осебдидаи ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон ва Шуғнон қабл аз оғози фасли сармо бо манзили нав таъмин гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






