Баҳси “Тоҷнома”- ву ҳувияти миллӣ дар КМТ

Сентябрь 7, 2015 05:10

Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ҳамоиши «Нашри силсилаи «Тоҷнома» тадбири муҳим дар шинохти асолати миллӣ», бо ширкати роҳбарони Китобхона ва ҷамъе аз устодону шогирдони донишгоҳҳои олии кишвар баргузор гардид.

Директори Китобхона Сайфиддин Назарзода нашри ин силсиларо иқдоми хубе дар шинохти асолати миллӣ унвон карда афзуд, ки  миллат бо огоҳӣ ва  шинохти худ миллат аст.  Миллате, ки худшиносӣ надорад, пойдор нахоҳад монд  ва  ҳувияти миллист, ки  миллатро якпорча ва муттаҳид месозад.  Миллати беҳувият мақоме дар ҷомеаи башарӣ надорад.  

Зикр шуд, ки таҳияи «Тоҷнома» бамаврид ва саривақтӣ буда нашри ин силсила бояд идома ёбад. Миллатро бо тамаддун ва фарҳанги бо ғановаташ мешиносанд.
Барои Тоҷикистон метавонем ҳудуди  ҷуғрофиёӣ, таърихи иҷтимоиву сиёсӣ, раванди иқтисодӣ, мероси фарҳангӣ, адабиёти гузаштаву имрӯзро дар як радиф гузорем ва  ин ҳувиятро пайдо кунем,- афзуданд мутахассисон дар ҳамоиши «Тоҷнома».  

 

Сентябрь 7, 2015 05:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад