Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Душанбе
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД) 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Дар арафаи ин чорабинии муҳим ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯрои амнияти СААД баргузор мегардад, ки вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа , котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои СААД -ро гирди ҳам меорад.
Дар рафти ҷаласа масоили амният ва густариши ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ гашта, як қатор санадҳо оид ба рушди ҳамкорӣ ба имзо мерасанд .








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






