Баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ дар Душанбе

Сентябрь 26, 2015 06:07

Душанбе, 26.09.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- «Варзиш- гарави саломатист!»-таҳти чунин унвон субҳи имрӯз бо иштироки доираи васеи ҷавонону наврасон дар назди Сирки давлатӣ ва Театри опера ва балети ба номи С. Айнии пойтахт чорабинии  дав ва машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардиданд.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ, Литсейи хизмат ва туризм, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намуди гӯштин ва сокинони пойтахт иштирок доштанд.
Ёдрас мешавем, ки барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш миёни ҷавонону наврасон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳар рӯзи шанбе дар назди Сирки давлатӣ ва Театри опера ва балети ба номи С.Айнии шахри Душанбе бо иштироки теъдоди зиёди наврасону ҷавонон дав ва машқҳои пагоҳирӯзӣ доир мешаванд. 
Гуфта мешавад, ки машқҳои пагоҳирӯзӣ аз ҷониби сохторҳои кумита дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби васеи аҳолӣ баргузор мешаванд.

 

Сентябрь 26, 2015 06:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад