Баррасии ҳамкории минтақавии Тоҷикистону ИМА дар Суғд

Сентябрь 1, 2015 06:33

Душанбе, 01.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Рушди ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Амрико аз мавзӯъҳои асосии вохӯрии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷаноби Дэниел Розенблум ва ҳайати ҳамроҳонаш буд, ки дирӯз бо сафари корӣ ба вилоят ташриф оварданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноматмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки барнома ва нақшаҳои аз ҷониби ИМА дар Тоҷикистон роҳандозишаванда бо иқдоми роҳбарияти вилоят, аз ҷумла дар риштаи маорифу тандурустӣ, истифодаи захираҳои об ва дастгирии ҷавонон ба манфиат ва самарабахшанд. Ҷонибҳо инкишофи муносибатҳои тарафайнро дар рушди туризму сайёҳии минтақа мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.
Дар охир меҳмонон аз мавзеъҳои таърихии маркази вилоят боздид намуда, бо маданияти шаҳрдорӣ ва фарҳанги ғании  суғдиён  ошно гарданд.
Ёдовар мешавем, ки  ин аввалин сафари кории ҷаноби Дениел Розенблум ба вилояти Суғд ба ҳайси муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад.

 

Сентябрь 1, 2015 06:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад