Баррасии густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Олмон дар мулоқоти Маликшо Неъматов бо Андреас Пешке
Душанбе, 21.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- 18 сентябри соли 2015 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо Ваколатдори тозатаъйини Вазорати корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Андреас Пешке мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардида, зарурати густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҳар ду кишвар таъкид гардиданд. Зикр гардид, ки мизбони якчанд ҳамоиши байналмилалӣ будани Тоҷикистон дар тӯли имсол нишондиҳандаи рушди босубот ва амнияти кишвар ба ҳисоб рафта, кишвар дар самти таҳкими мавқеи худ дар Ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои мустаҳкам гузошта истодааст.
Конфронси сатҳи баланд зери унвони «Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ», ки ҳафтаи пеш бо ибтикори бевоситаи Ҳукумати Олмон баргузор гардид, бори дигар собит месозад, ки Олмон ҳавасманди вусъати ҳамкориҳо бо минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Бо назардошти сатҳи хуби ҳамкорӣ ва ба марҳалаи навбатӣ гузаштани онҳо пешниҳод гардид, ки комиссияи доимии байниидоравӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Олмон таъсис дода шавад. Пешниҳоди мазкур бо роҳҳои дипломатӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






