Баёнияи диаспораи тоҷикони ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 30, 2015 11:20

Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Хабари қатъ гардидани фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон албатта амали воқеист, яъне  асоснок мебошад. Воқеаҳои рўзҳои охир дар Тоҷикистон моро ба он андеша овард, ки дар ҳақиқат аз надоштани донишу фарҳанги исломӣ намояндагони ин ҳизб барои пешрафти давлат монеа эҷод менамоянд, ба корҳои давлатӣ беҳудаву беасос дахл намудан, хиёнат ба ватан (амали хоинонаи Ҳалим Назарзода) пешаи онҳо гардидааст. Имрўз аксари кишварҳо аз дасти ин тоифа мардум дар азобу машаққат мебошанд. Дур намеравем, Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Яман ва дигар давлатҳои мардумонаш мусулмон. Дар дини мубини Ислом қатли мусулмон (кўдакону барҷомондагон) бо нидои «Аллоҳу акбар» гуноҳи бузург аст, дар Қуръон дўст доштани ватан ва шукронаи Худованд кардан аз тинҷиву осоиштагӣ борҳо қайд шудааст. Ин тоифа на аз ислом хабар доранду на аз илмҳои замона. Давлатҳои абарқудрати дунё аз бесаводии ин тоифа хуб истифода мебаранд, давлатҳои ободу озодро ба хун оғушта мегардонанд. Солҳои 90-уми асри гузашта маҳз ҳамин тоифаи бедониш Тоҷикстони ободро ба вайрона табдил доданд, садҳо ҳазор нафарро бехонаву дар карданд, пешрафти давлатро даҳсолаҳо ба ақиб партофтанд. Магар ин амали онҳо бахшиданист?!!! 
Дар ҳамаи давлатҳои Осиёи Миёна барои пешрафти дини мубини ислом заминаи хуб мавҷуд аст, масҷидҳои бузург месозанд, мадрасаҳо амал мекунанд, барои хондани намозу гирифтани рўзаву рафтан ба хонаи Худо (ҳаҷ) ҳамаи шароит муҳайё аст.
Пайғамбари ислом дўст доштани ватанро аз эмон ҳисобидаанд. Эмондорӣ бо ришу саллаву фаранҷӣ нест, ватанро обод кардан, ба қадри тинҷӣ расидан, шукронаи ободӣ кардан эмондорист!!! 
Мо – диаспораи тоҷикони ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ўзбекистон дар ш. Душанбе қатъ гардидани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломро дар Тоҷикистон тарафдорӣ мекунем, набояд диндорон беҳуда ба корҳои давлатӣ дахл кунанд, як давлати ободро ба ҷангу нотинҷӣ кашанд, мардумро бехонаву дар кунанд. Бас дигар гумроҳӣ. Ин тоифаи камсаводу бефарҳанг, ки бештар аз ҷониби гурўҳҳои бадхоҳи хориҷа идора мешаванд, ҳамеша ба мардуму халқ зарар меоранд. Пеши роҳи онҳоро гирифтан ба хотири тинҷӣ кори савоб аст. Дигар нагузоред, ки бо номи дини мубини ислом онҳо амалҳои бади худро анҷом диҳанд!!!  

Шарипов Холмурод,
Шоимардонов Азиз,
Мирхоҷаев Набӣ,
Камолов Фарух,

Сентябрь 30, 2015 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд