Беҳтар намудани бехатарии санитарӣ, фитосанитарӣ ва байторӣ бо мақсади таъмини солимии ҷомеа
Душанбе, 22.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Беҳтар намудани бехатарии санитарӣ, фитосанитарӣ ва байторӣ бо мақсади таъмини солимии ҷомеа ва баланд бардоштани рақобатпазирии молҳо дар бозорҳои хориҷа» таҳти чунин унвон имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Рушди СММ (БРСММ) мизи мудаввар баргузор шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ ва доираи васеи бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки баъди ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС, Ҳукумати кишвар гузаронидани ислоҳотро дар соҳаи санитарӣ ва фитосанитарӣ (СФС) оғоз намуд. Иқдоми нахустини Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт таъсиси Гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳти Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба СФС ва монеаҳои техникӣ дар савдо (МТС) ҷиҳати баррасии пешрафт дар соҳаи СФС ва амнияти озуқаворӣ то моҳи апрели соли 2015 мебошад ва ҳамчунин муайян намудани иқдомҳои дигаре, ки то охири соли 2017 бояд анҷом дода шаванд.
БРСММ фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравиро дастгирӣ намуда, кумаки техникиро ба воситаи лоиҳаҳои «Мусоидат ба савдо» ва «Кумаки техникӣ ҷиҳати беҳтар намудани бехатарии санитарӣ, фитосанитарӣ ва байторӣ бо мақсади таъмини солимии ҷомеа ва баланд бардоштани рақобатпазирии молҳо дар бозорҳои хориҷа» таъмин менамояд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо БРСММ чорабинии мазкурро ташкил намуда, лоиҳаи Нақшаи рушд- нақшаи афзалиятҳо барои таъмини амнияти миллӣ ва беҳтар намудани рақобатпазирӣ дар бозорҳои хориҷиро муҳокима карданд.
Натиҷаҳои мизи мудаввар барои анҷоми муваффақиятноки нақшаи рушд ҳамчун асос хизмат намуда, дар оянда ба донорҳо ва ташкилоти дигар барои иҷро ва дастгирӣ намудани ташаббуси мазкур пешниҳод мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






