Беларус ба Тоҷикистон 6 мошини борбардор тақдим кард
Душанбе, 28.09.15. (АМИТ «Ховар»). – Дар шаҳри Душанбе маросими ба Тоҷикистон супурдани 6 мошини борбардори тамғаи «МАЗ» ҳамчун ёрии башардӯстонаи Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Мошинҳои зикршуда барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ВМКБ истифода мешаванд.
Назар ба хабари ВКХ Ҷумҳурии Беларус, ёрии хайрхоҳона бо дастури Президенти ин кишвар А.Лукашенко сурат гирифтааст.
Дар маросими супоридани мошинҳо муовини директори Агентии захираҳои давлатии моддии наздии Ҳукумати Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев, сафири Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук, муовини директори бахши тиҷорати Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «МАЗ» Василий Кохович ширкат доштанд.
Мошинҳои борбардори сохти Беларус барои барқарор намудани биноҳои аз таъсири офати табиӣ харобшуда, инфрасохтор ва таъмири роҳҳои мошингарди ноҳияҳои осебдида мавриди истифода қарор мегиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






