Беш аз 200 санҷиши санитарию гигенӣ дар коргоҳҳои н. Файзобод
Душанбе, 11.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Файзобод 417 иншоотро, ки самтҳои фаъолияташон гуногун аст, дар таҳти назорат дорад. Соли ҷорӣ аз тарафи кормандони марказ дар иншооти мазкур 248 маротиба санҷишҳои санитарию гигенӣ гузаронида шудаанд. Мувофиқи санҷишҳои гузаронидашуда ҳамагӣ 248 санад, 62 супориши санитарӣ, 66 протокол, 66 қарор оиди бастани ҷарима тартиб дода шудааст. Аз ин шумора 66 нафар ба ҷарима кашида шудаанд, ки маблағи умумии ҷаримаҳо 7160 сомониро ташкил медиҳанд.
Фаъолияти 4 иншоот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба қойдаву меъёрҳои санитарию гигенӣ боз дошта шудааст. Дар доираи ин санҷишҳо аз мағозаҳои ноҳия 25 номгӯи маводҳои хӯроквории муҳлати истифодабарияшон гузашта, аз фурӯш гирифта шудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






