БМТ ҳамкориро бо ХБА идома медиҳад
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Масъалаҳои идома додани самаранокии татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва паҳлуҳои дигари ҳамкории судманд ҷиҳати таъмини устувории молиявӣ дар мулоқоти муовини якум ва муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва Умед Латифов бо ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор -Давид Григорян, Дарко Бохнеч ва Айдин Биболов мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷ. Нуралиев изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдори принсипҳои такмили ислоҳоти иқтисодӣ буда, ба Хазинаи байналмилалии асъор барои расонидани дастгириҳои бисёрҷабҳаи техникӣ миннатдорӣ баён намуд. Номбурда афзуд, ки тибқи таҷдиди сохтори нави бонк ва тавсияи Барномаи баҳогузории бахши молиявии Хазинаи байналмилалии асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон воҳиди нави сохторӣ бо номи Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо таъсис дода шуд ва он аллакай фаъолият дорад. Маълум аст, ки мутахассисони идораи навтаъсис дар марҳилаи аввали фаъолияти худ ба дастгирии техникӣ ва маслиҳату машварати коршиносони ботаҷрибаи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз доранд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ диққати ҳайати намояндагони ХБА ба таҳияи чораҳои сиёсати макромақбулӣ ва индикаторҳои калидии суботи молиявӣ, муайян намудани вазифаҳои асосии машваратӣ ва идоравии Кумитаи оид ба суботи моливӣ, таҳияи вазифа ва уҳдадориҳои идораи навтаъсис, идора намудани хавфҳои системавӣ дар бахши молиявии ҷумҳурӣ, муайян кардани талабот ба истифодаи барномаҳои таҳлилии компютерӣ ва гузаронидани тадқиқоти таҷрибавӣ ҳангоми идора намудани хавфҳои системавӣ ҷалб гардид.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ ҷанобон Давид Григорян ва Дарко Бохнеч изҳор намуданд, ки мақсади ташрифи онҳо ба ҷумҳурӣ ва бахусус ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи нақшаи расонидани кумаки техникӣ ба Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳои бонк ба шумор меравад. Дар робита ба ин, онҳо зикр карданд, ки дар ин бахш аллакай корро шуруъ кардаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






