Бошукӯҳ пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлол дар н. Фирдавсӣ
Душанбе, 09.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат», «Истиқлолият соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшании ватандориву ватандўстии мо мебошад»- таҳти чунин шиорҳои ҷашнӣ сокинони ноҳияи Фирдавсии пойтахт 24-умин солгарди Истиқлолиятро дар Боғи дӯстии халқҳо ҷашн гирифта истодаанд.
Ин маъракаи муҳимро масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба сокинон муборакбод гуфта, зикр доштанд, ки Истиқлолият дороии аввалиндараҷаи миллат ба шумор меравад ва ин дороиро мо, алалхусус ҷавонон чун гавҳари чашм бояд нигоҳ дорем.
Барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ, бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашнҳои дарпешистода, мо бояд беш аз пеш кўшиш намуда, барои Ватан содиқонаву поквиҷдонона хизмат намоем, зикр доштанд масъулин.
Ҳамчунин дар маъракаҳои ҷашнӣ барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳангии ноҳия пешкаши меҳмонон ва сокинон мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






