Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз иншооти ҷашнии пойтахт
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои нави Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 9 ошёна иборат хоҳад буд, оғоз бахшид.
Тавре зикр гардид, дар ин бино барои зиёда аз 100 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё хоҳад гашт.
Дар идомаи боздид бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муҳташами мактаби №100-и пойтахт, ки дар бинои собиқи бо тарҳи замонавӣ навсозишудаи факултети энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ҷойгир шудааст, ифтитоҳ ёфт. Бинои нави мактаб барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Ин бино дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази замонавӣ, аз ҷумла озмоишгоҳҳои фаннӣ, ду толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳи васеъ, ошхона ва ҳама иншооти зарурии ёрирасон мебошад.
Худи имрӯз ҳамчунин ба истифода додани як қатор корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ ва дигар иншоот дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






