Боздиди вакилони Парлумон аз Хайробод-шаҳраки навбунёд
Хоруғ, 17.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон Муҳаббатшоҳ Рузадоров, Бибидавлат Афзалшоева, Амрихудо Дамдор таҳти роҳбарии муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшоҳ Фелалиев бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳраки навбунёди Хайрободи ноҳияи Шуғнон мулоқоти судманд доир намуданд.
Дар вохӯрӣ нахуст бобати озодии комили Ватан ва дастовардҳои даврони истиқлолият сухан рафта, гуфта шуд, ки таҳти сарварии фарзанди фарзонаи диёр — Эмомалӣ Раҳмон боз як минтақаи нообод обод гардид.
Зикр шуд, ки бунёди ин шаҳрак дар ободии диёр ва сарсабзиву шукуфоии Ватан саҳифаи наверо боз менамояд.
Бояд гуфт, ки ҳоло 98 фисади сохтмони хонаҳо анҷом пазируфта, таъмини онҳо бо ҷиҳози зарурӣ давом дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






